Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон: "Иҷлосияи Хуҷанд сарнавиштсоз буд"


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон,рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр дар ҷаласаи ботантанаи 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад, гуфт, ки ин рӯйдод «заминаи низоми нави давлатдориро фароҳам кард ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд". Ӯ бо ситоиш аз дастовардҳои ҳаводиси 20 соли пеш гуфт, ин ҷаласаи "муҳим" "барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасида аз оташи ҷанги харобиовар", барои "барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард".

Ёдовар мешавем, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд. Маҳз дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд ва то имрӯз дар раъси ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Баъди Иҷлосия 16-ум ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи бештари Тоҷикистон барои панҷ соли дигар идома кард. Фақат рӯзи 27-уми июни соли 1997 ҷонибҳои даргир ба созишномаи ризояти миллӣ имзо гузоштанд ва ҷанг дар кишвар поён ёфт.
XS
SM
MD
LG