Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фоҷиае дар Техас собиқадорони ҷанг ҷон бохтанд


Дар аёлати Техаси Амрико ҳангоми паради собиқадорони ҷанг чаҳор нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазъи даҳ нафари ҷароҳатбардоштагон сангин аст.

Ин ҳодиса дар гузаргоҳи роҳи оҳани шаҳри Мидленд рӯй дод – қатора ба мошини бо парчамҳо ороёфтае бархӯрд, ки болои он собиқадорони ҷанг савор буданд Онҳо барои зиёфати идона ба шаҳри Сан-Анҷело мерафтанд.

Мақомоти маҳаллӣ тафтиши сабабҳои фоҷиаро шурӯъ карданд. Бар пояи иттилои пешакӣ, сигнали ҳушдордиҳанда дар гузаргоҳи роҳи оҳан хуб кор мекард.
XS
SM
MD
LG