Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус ба суолҳои аъзои Сенат посух мегӯяд


Дэвид Петреус
Дэвид Петреус
Имрӯз Дэвид Петреус, раиси пешини СРУ, Хадамоти марказии кашфи ИМА, бояд ба суолҳои аъзои кумитаи кашфи Сенат дар робита ба ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия посух гӯяд. Дар он ҳамла, ки рӯзи 11 сентябри соли равон сурат гирифт, чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири ИМА дар Либия Кристофер Стивенс, ба ҳалокат расиданд.

Дирӯз кормандони хадамоти кашфи Амрико дар Вошингтон барои конгрессмену сенаторҳо наворҳои видеоии қабл аз ҳамла ва лаҳзаҳои ҳамла ба консулгарӣ дар Бенгозиро намоиш доданд.

Сиёсатмадорон ва қонунбаророн мехоҳанд мушаххас кунанд, ки ҳамла аз сӯи киҳо ташкил шудааст ва чаро системи амниятии намояндагии дипломатии Амрико дар Либия кор накардааст.
XS
SM
MD
LG