Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти рус нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро барои даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ, айбдор кардаанд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, ин гурӯҳи 9-нафара дар ташкили созмони байналмилалии терористии «Ҳизбуттаҳрир» даст дошта, 5 нафарашон роҳбарии онро дар ҳудуди Русия ба ӯҳда доштаанд.

Дар иттилоияе, ки имрӯз, 16-уми ноябр Вазорати умури дохилии Русия пахш намуд, таъкид мешавад, ки аввалҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ – ҷустуҷӯӣ 18 нафар ба гумони фаъолият дар созмони байналмилалии терористии «Ҳизбиуттаҳрир» боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷои зисти боздоштшудагон мақомот силоҳ ва пулҳои қалбакии евро дар ҳаҷми ду миллион ва доллари амрикоӣ ба миқдори 1 миллионро дарёфт кардааст. Зимни ин амалиёт адабиёти зиёди мамнӯъшуда, дар шакли чопию электронӣ мусодира гардидааст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти «Ҳизбуттааҳрир» соли 2001 мамнӯъ шуда, соли 2008-ум ба рӯйхати созмонҳои экстремистӣ ворид гардид.

То ҳол барои ҳамкорӣ бо "Ҳизбуттааҳрир" шаҳрвандони зиёде дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва баррасии парвандаҳои бахше дигар идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG