Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози парванда алайҳи раиси тоҷикони ноҳияи Лайлак


Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, мегӯяд раиси тоҷикони ноҳияи Лайлаки ин кишвар таҳти фишори мақомот қарор дорад.

Ҷаноби Мурувват, рӯзи ҷумъа, 16-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанде пеш чаҳор нафар бо шумули як корманди милиса, соати 10-и шаб ба манзили раиси Ҷамъияти тоҷикони ба номи Рудакии ноҳияи Лайлаки Қирқизистон, Исмоил Очилов ҳамла кардаанд.

Қодиршоҳи Мурувват мегӯяд масъулини милисаи қирғиз Исмоил Очиловро мавриди фишор қарор медиҳанд ва алайҳи ӯ парванда боз карда, ба додгоҳи шаҳри Бодканд фиристодаанд.

Исмоил Очилов ба Итиҳодияи тоҷикони Қирғизистон муроҷиат кардааст, ки ба вай кумак кунанд ва далели чунин муносибат ба ӯро рӯшан созанд.

Абдурасул Камолов, вакили мудофеи Исмоил Очилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Исмоил Очилов барои латту кӯб кардани ҳамсояаш айбдор дониста шуда, додгоҳ ӯро ҳудуди 50 ҳазор сом ҷарима бастааст ва як сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаст.

Вакили мудофеи Исмоил Очилов, мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳ ва ҷараёни баррасии ин парванда комилан розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ шахсе, ки даъвои латту кубро пеш ниҳодаст, шоҳиде надорад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ҳамдеҳагони Исмоил Очилов, ӯ ҳамчунин таълиму тадрисро дар синфхонаи тоҷикии деҳааш ба уҳда дошта, пас аз оғози парванда алайҳи ӯ низоми таълиму тадрис дар ягона синфхонаи тоҷикии мактаби деҳа хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG