Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номус"-и Комилҷон Шамшерзода ба намоиш медарояд


Дар Тоҷикистон филми нав бо унвони «Номус», ки аз ҳаёти як ҷавони муҳоҷир баҳс мекунад, рӯзи 1-уми декабр ба намоиш медарояд.

Комилҷон Шамшерзода, муаллифи филми «Номус» мегӯяд, он дар мавзеъҳои зебоманзари Варзобу Душанбе ва шаҳри Иркутски Русия наворбардорӣ шуда, аз ҳаёти як ҷавони бо нангу ори тоҷик, ки барои дарёфти маблағи табобати падараш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад, нақл мекунад.

Шамшерзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷузъиёти наворгирӣ, қаҳрамону сарпарастон ва ниҳоят паёми асосии ин филмро баён намуд:

Комилҷон Шамшерзода:"Шикасти навдаҳои умеди муҳоҷир, нолаву гиряҳои модар ва чашми чори падар дар роҳи ҷигарбанд, билохира, ҷаҳди соҳибмаълумот гаштани ҷавон баъд аз муҳоҷирати бебарор, аз паҳлӯҳои ҷаззоби филми бадеии «Номус» мебошанд."

Озодӣ: Яъне филм маҳз аз мушкили як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия нақл мекунад?

Комилҷон Шамшерзода: Имрўзҳо аксарияти ҷавонони тоҷик бо мақсади муайян ва бархе аз онҳо аз рўи таваккал азми муҳоҷират менамоянд. Аммо на ҳама вақт муҳоҷирони меҳнатӣ бо дасти пуру комёб ва сиҳату саломат ба Ватан бармегарданд. Маҳз ин мавзwи фарроху доманадор як ҷанбаи асосӣ ва мавзbи марказии филмномаи мазкур аст. Дар филм фарзанди баномус, барои табобати падар ба муҳоҷират меравад. Чун кори аниқ ва ё касе ӯро интизор набуд, корфармо бо истифода аз роҳҳои қаллобӣ маоши ӯро пардохт намекунад. Баъдан ин филм эҳтироми падару модар ва номуттаҳидии бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русияро низ дар бар мегирад.

Озодӣ: Нақши асосии филмро кӣ иҷро мекунад ва оё сенарияи филм ба зиндагии қаҳрамони кино рабте дорад?

Комилҷон Шамшерзода: Нақши асосиро Манучеҳри Миршариф, як нафар ҷавоне? ки хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон асту шавқи сароидани сурудро ҳам дорад, иҷро кард. Аслан сенарияи филм ба зиндагии шахсии ӯ ҳеҷ рабт надорад.Манучеҳр бори аввал маҳз ба хотири наворбардории филми мазкур ба Русия сафар кард. Вале дар филм лаҳзаҳои зиёд низ аз зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия наворбардорӣ шудааст. Мо бисёр мехостем саҳнаҳои дигарро низ аз ҳаёти воқеии муҳоҷирон ба навор бигирем, аммо ба наворгирии филм дар Русия мушкили зиёд дорад.

Озодӣ: Пӯшида нест, ки барои рӯи навор омадани филм маблағи зиёде сарф мешавад. Сарпарасти филми "Номус" кист?

Комилҷон Шамшерзода: Ҳамаи маблағе, ки барои ин филм масраф шуд, маблағҳои хусусӣ буданд. Яъне, ба ғайр аз сарпарастии Манучеҳри Миршариф ягон сарпарасти молиявии дигар набуд.

Озодӣ: То ҷое медонам ин филми аввал аст, ки дар Русия ба навор гирифта шуд. Гурӯҳи шумо ин филмро чӣ гуна қабул кард?

Комилҷон Шамшерзода: Филмҳо ва клипҳо аз рӯзгори муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёданд ва ин аввалин филми тоҷикӣ аст, ки маҳз дар шаҳри Иркутски Русия ба навор гирифта шуд. Дар аввал бояд филмро худи тамошобин баҳо диҳад, чун тамошобин худ як Академияи бузург аст. Аммо ман бовар дорам, то андозае муваффақ ҳам шудем. Зеро аъзои гурӯҳи эҷодӣ, ба мисли коргардони филм, Абдураҳим Фиқирӣ, ҳунарпешаи боистеъдод Абдуллои Шариф, наворбардор Умари Қаландарзод, танзимгар Ҳамзаи Самӣ ва мушовири филм Хайриддин Зайниддинов, ҳама то андозае пойбанди эҷод ҳастанд ва дар санъати синамо сарсупурдаанд. Яъне ба кори эҷодӣ баҳри пулу тамаъ намераванд.

Озодӣ: Нафароне, ки дар ин филм нақш бозиданд, хамагӣ ҳунармандони ҳирфаӣ ҳастанд?

Комилҷон Шамшерзода: Бале! Ҳунармандони шинохтаи синамо ва театри тоҷик, Муҳаммадҷони Шодӣ, Зулхумор Иброҳимова, Султонмурод Бобомуродов, Аҳмадшо Улфатшоев, Абдуллои Шариф, ҳунармандони ҷавон, Маҳбубаи Саид, Моҳлиқо Шарифова, Манучеҳри Миршариф ва инчунин ҳунармандони синамои Русия, Светлана Светлакова, Валентина Андреева дар филм нақшҳои асосиро бозидаанд.
XS
SM
MD
LG