Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори тафтиши марги блогнависи эронӣ шуд


 Саттори Биҳиштӣ
Саттори Биҳиштӣ
Коршиносони СММ таҳқиқи мустақилонаи марги блогнависи эронӣ Саттори Биҳиштиро талаб кардаанд. Коршиносон аз мақомоти Теҳрон даъват кардаанд, ки таҳқиқи ҳамарафа, мустақилона ва бетарафи қазияи марги Биҳиштӣ дар маҳбасро ташкил кунанд. Ба ақидаи онҳо муфаттишон бояд иттиҳоми шиканҷаро тафтиш намуда, натиҷаи онро ба таври ошкор эълон кунанд. Аҳмад Шаҳид-гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон даъват кардааст, ки шиканҷа ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таҳаммул қарор нагирад. Биҳиштии 35-сола, ки бо танқиди мақомоти эронӣ шинохта мешавад, 30-уми октябр боздошт шуд. Баъди як ҳафта мақомоти эронӣ хешовандони ӯро барои гирифтани ҷасад даъват карданд. То ҳол шароити марги Биҳиштӣ сад дар сад маълум нашудааст, вале тахмин мешавад, ки сабаби марги ӯ шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG