Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конгресси ИМА "Қонуни Магнитский"-ро баҳс мекунад


 Ҳаводори Магнитский бо акси ӯ

Ҳаводори Магнитский бо акси ӯ

Имрӯз вакилони мардумии ИМА таҳрими афроди масъули марги ҳуқуқшиноси рус Сергей Магнитскийро ба овоз мегузоранд. Магнитский дар соли 2009 дар маҳбас ба ҳалокат расидааст. Ӯ қабл аз маргаш як идда мансабдорони ҳукумати Русияро бо фиреби давлат муттаҳам карда буд. Агар лоиҳаи Қонуни Магнитский дар Маҷлиси намояндагони ИМА ба тасвиб расад, ҳисобҳои бонкии мансабдорони масъули марги Магнитский дар ИМА ҳабс шуда, онҳо аз ҳаққи вуруди ба қаламрави Амрико маҳрум мешаванд. Рӯзи 15-уми ноябр вақте баррасии лоиҳаи Қонуни Магнитский дар Конгресс шурӯъ шуд, вазорати корҳои хориҷии Русия иброз дошт, ки агар лоиҳа тасвиб шавад, Маскав ба он посухи шадид хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG