Пайвандҳои дастрасӣ

Ду маъмури ширкати нафти BP масъули марги инсонҳо дар пойгоҳи истихроҷи нафт бо номи Дипвотер Ҳорайзон (Deepwater Horizon) дониста шуданд. Нафари сеюми ин ширкат бо фиреби муфаттишони ИМА муҷрим эълон шуд. Ширкати BP мувофиқат кардааст, ба ҳукумати ИМА дар давоми шаш сол 4,5 миллиард доллар ҷарима супорад, то тамоми даъвоҳои марбут бо фоҷеа дар пойгоҳи Дипвотер Ҳорайзон ҳалу фасл гарданд. Соли 2010-ум таркиш дар пойгоҳи Дипвотер Ҳорайзон ҳаёти 11 нафарро аз байн бурда, соҳилҳои ҷанубии ИМА-ро бо миқдори фавқулода зиёди нафт олуда кардааст.
XS
SM
MD
LG