Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натаняҳу:Исроил ҳамлаҳоро таҳаммул намекунад!


Бенямин Натаняҳу-сарвазири Исроил
Бенямин Натаняҳу-сарвазири Исроил
Исроил дар муқобили мушакборонҳои фаластиниён амалиёти низомиро тавсеа бахшида, ҳушдор медиҳад, ки ба хотири ҳимоят аз шаҳрвандонаш тамоми чораҳои заруриро хоҳад андешид.
Рӯзи панҷшанбе баъди куштори се мулкии исроилӣ бо мушак аз минтақаи Ғазза сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу гуфт:
Ягон ҳукумат ба ин вазъ таҳаммул нахоҳад кард, ки панҷяки қаламраваш мавриди ҳамлаҳои доимии мушак қарор гирад ва Исроил ҳам ин вазъро таҳаммул намекунад. Ҳукумати зери раҳбарии ман ба вазорати мудофиа амр додааст, бар зидди инфрасохтори террористон дар минтақаи Ғазза ҳамлаҳои ба истилоҳ ҷарроҳӣ пиёда кунад.”
Рӯзи панҷшанбе ҷангҷӯёни фаластинӣ шаҳри Тал Абибро мавриди оташ қарор доданд. Ин аввалин ҳамла болои бузургтарин шаҳри Исроил дар тӯли бист соли ахир аст. Мушакҳои ҷангҷӯён ба касе исобат накарданд: яке ба баҳр афтидаву дигаре дар ҷануби ин шаҳр ба замин бархӯрд.
XS
SM
MD
LG