Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нахуствазири Исроил бо идомаи амалиёт


Давлати Исроил мегӯяд, ба хотири муҳофизати шаҳрвандонаш “ҳар чораи заруриро хоҳад андешид.” Дар ин бора Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил баъд аз он сухан гуфт, ки дар мушакандозиҳои Ҳамос се исроилӣ кушта шуданд. Дар посух ба ин мушакандозиҳо артиши Исроил амалиёт дар Навори Ғаззаро тақвият бахшид. Се исроилӣ баъди он ба ҳалокат расиданд, ки мушаке партобкардаи Ҳамос ба биное дар шаҳраки Кирёт Малахӣ дар 25 километрии шимоли Ғазза бархӯрд. Дар посух ба мушакандозиҳои Ҳамос, артиши Исроил рӯзи чаҳоршанбе дар Навори Ғазза амалиётеро бо номи “Аркони дифоъ” шурӯъ кард. Дар ҳамон рӯз нерӯҳои ҳавоиву заминӣ ва баҳрии Исроил Ғаззаро бомборон карданд ва 13 нафар, аз ҷумла чанд кӯдакро куштанд. Ташкилоти Худгардони Фаластин аз Исроил хост, ин амалиётро фавран бас кунад. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё дар вокуниш ба шиддат гирифтани авзоъ дар Навори Ғазза гуфт, ки ин ҳодиса ба нафъи ҳеҷ кас дар Ховари Миёна нест ва афзуд, айби аслӣ аз созмони Ҳамос аст: Шиддат гирифтани ин муноқиша ба нафъи касе нахоҳад буд, бахусус дар замони ноамнӣ дар минтақа. Ин ҳодисаҳо дигарбора шикананда будани вазъ нишон дод ва ҳам зарурати ҳатмии пешрафт дар масъалаи таъсиси ду кишвари мустақили Фаластиниёнро ки бо Исроил дар канори ҳам орому осоишта зиндагӣ кунанд."
Русияву Миср, амалкарди Исроилро ғайриқобили қабул хонданд.
XS
SM
MD
LG