Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди мақомоти тоҷик аз зиндонҳои кишвар


Як ҳайати мақомоти додгоҳии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе аз маҳбаси рақами аввали пойтахт дидан карда, бо маҳбусон сӯҳбат анҷом додаанд.

Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳайат муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, муовини Додситонии кул, раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, додситони назоратӣ ва намояндагони ниҳодҳои дигари додгоҳии Тоҷикистон шомил буданд. Онҳо тӯли рӯз тақрибан бо 30 маҳбус сӯҳбат намуда, бо вазъи онҳо ва ҷараёни адои мӯҳлати ҷазояшон шинос шуданд.

Ин ҳайат аз ҷумла бо Иброҳим Ёрибеков, собиқ фармондеҳи оппозитсиюн ва Умар Шоҳмаҳмадов низ ҳамсӯҳбат шудаанд. Аслан сӯҳбат бо маҳбусоне сурат гирифтааст, ки бо ҳукми додгоҳҳо норозӣ буда, борҳо ба Додситонӣ, президенти Тоҷикистон ва ба созмонҳо ва додгоҳҳои байналмилии ҳуқуқи башар шикоят кардаанд.

Намоянадгони мақомоти додгоҳии Тоҷикистон арзу шикояти маҳбусонро шунида, ваъда додаанд, ки ба тамоми масъалаҳои марбут ба ҳукми онҳо расидагӣ хоҳанд кард. Қарор аст, мулоқоти дувуми онҳо рӯзи 23-юми ноябр дар маҳбаси рақами аввал баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG