Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулов: "Лаҷоми қарзҳоро сар намедиҳем"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, саъй доранд, то қарзи хориҷӣ аз марзи 30 дар сади маҷмӯи дохилии кишвар нагузарад. Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар таносуб ба маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ зиёд нест: “Қарзҳои мо 29,3 фоизро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳандаи бад нест. Тамоми чораҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ меандешад, ки қарзҳои мо аз 30 фоизи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ зиёд нашавад.” Пештар аз ин Ҷонатан Данн, раҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе, гуфт, дар сурати бетағйир мондани нишондодҳои иқтисодӣ, Тоҷикистон метавонад ба бӯҳрони қарзӣ гирифтор шавад.
XS
SM
MD
LG