Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муғулистон зодрӯзи Чингизхонро таҷлил кард


Дар Муғулистон 850 -солагии Чингизхонро бори аввал дар сатҳи миллӣ таҷлил карданд. Чингизхон бо ишғоли сарзаминҳои васеъе дар қарни 13 як империяи бузургро ташкил дода буд ва хотираҳои мағшуше аз ӯ дар китобҳо боқӣ мондаанд. Порлумони Муғулистон қарор кард, ки ҳар сол рӯзи 14 ноябр ба унвони “Рӯзи ифтихор” таҷлил карда шавад. Дар рӯзи таҷлили зодрӯзи Чингизхон маросимҳои мухталифе дар Муғулистон баргузор карда ва дар назди пайкараи азими ӯ дар шаҳри Улан Батор гул гузоштанд. Ба теъдоде аз ҳунармандони муғул дар коихи раиси ҷумҳур нишони Чингизхонро супурданд. Меҳмонони тайванӣ ба мақомоти Муғулистон аксҳои таърихии Чингизхон ва ҳамсарони ӯро ҳадя карданд.
XS
SM
MD
LG