Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари нави Чин гуфт, ки фасодро аз байн мебарад


Си Сзин Пин
Си Сзин Пин

Си Сзин Пин ба ҷойи Ҳу Ҷинтао расман Дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд.

Ӯ ҳамчунин ба ҳайси раиси Комиссиюни низомии ҳизб таъин гардид ва қарор аст, ки моҳи марти соли оянда сарварии кишварро ҳам ба уҳда бигирад.

Си Сзин Пин дар хонаводаи як тан аз инқилобиёни чиноӣ ба дунё омад ва котиби ҳизби коммунисти Шанхай будаст. Хонуми ӯ, Пэн Лиюан овозхони маъруф аст ва рутбаи генерали артишро дорад. Ягона духтари онҳо дар донишгоҳи Ҳарварди ИМА таҳсил мекунад.

Дабири кулли нав дар нишасти раҳбарони ҳизб гуфт, ки масъулияти азимеро бар дӯш гирифтанд ва барои зиндагии беҳтари мардуми кишвар талош хоҳад кард.

Бештари сокинони Чин мутмаинанд, ки фасод аз мушкилоти аслии кишвар аст. Си Сзин Пин ҳам ба ин мушкил ишора кард ва онро ҳамроҳ бо бюрократия мушкилоте номид, ки бояд фавран аз байн бурда шаванд.

Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳури феълии Ҷумҳурии халқии Чин ва акнун собиқ Дабири кулли Ҳизби коммунисти ин кишвар, Ҳу Ҷинтао низ иқрор карда буд, ки фасод тавони ҳизбро заиф кардааст. Аммо ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки коммунистони Чин метавонанд “мустақилона ва бидуни ҷарроҳӣ ин маризиро шифо бахшанд.” Нозирон ин гуфтаҳоро чун васият ба Си Сзин Пин арзёбӣ карда буданд.

Хабаргузории расмии Синхуа иттилоъ дод, ки теъдоди аъзои Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин аз нӯҳ то ҳафт нафар коҳиш ёфт. Ба узвияти Бюрои сиёсӣ Ли Кэтсян, муовини нахуствазир ҳам шомил шуд, ки қарор аст моҳи март дар курсии сарвазири Чин нишинад. Аз ин пеш ӯ мақомҳои калидии ҳизбӣ дар вилоятҳои Ҳенон ва Ляонингро бар ӯҳда дошт ва аз афроди наздик ба Ҳу Ҷинтао маҳсуб мешавад.

Котиби кумитаи ҳизбии Чунтсин Чжан Дэтсзян, котиби кумитаи ҳизбии Шонхой Юй Чжэншэн, раиси бахши тарғиботи Кумитаи марказӣ Лю Юншан, муовини раиси Шӯрои давлатӣ Ван Тсишан ва котиби кумитаи ҳизбии вилояти Тянсзин Чжан Гаолӣ ҳам узви кумитаи доимии Бюрои сиёсии ҳизби коммунисти Чин интихоб шуданд.

Гуфта мешавад, ки синни аксари аъзои Бюрои сиёсии ҳизби коммунисти Чин аз 60 сол боло аст. Миёни онҳо Си Сзин Пини 59 сола ва Ли Кэтсяни 57 сола аз ҳама ҷавонанд.

Тағйирот дар раҳбарии Чин дар даҳ сол як бор сурат мегирад. Раҳбарони нав дар рӯ ба рӯи ҳалли мушкили коҳиши рушди иқтисодӣ ва ҳарчӣ амиқтар шудани фарқ миёни афроди сарватманду қарор доранд.
XS
SM
MD
LG