Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони нави Чинро интихоб карданд


Ҳизби Коммунисти Чин Ши Ҷинпинг, ба ҷойи Ҳу Ҷинтао, раиси ин ҳизб интихоб кард. Ши Ҷинпинг ҳамчунин раиси Кумиссиёни Марказии Низомии ҳизб таъйин шуд ва қарор аст, моҳи марти соли оянда раиси ҷумҳури Чин интихоб шавад. Ба гузориши хабаргузории расмии Синхуа, теъдоди аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистро аз 9 то 7 нафар кам кардаанд. Ши Ҷинпинг гуфт, ки раҳбарони нави Чин бо мубориза бар зидди фасоду бюрократияи беш аз ҳад барои “зиндагии беҳтари” мардум кӯшиш хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG