Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" нархи чиптаҳоро 15 доллар арзон кард


Ширкати «Тоҷик Эйр» фурӯши чиптаҳоро тариқи онлайн ба ҳамаи хатсайрҳо 15 доллар арзон кардаст. Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр», рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки минбаъд хариди онлайни билетҳо аз ин ширкат, нисбат ба нархи маъмулие, ки дар кассаҳои чиптафурушии Душанбе аст, 15 доллар арзонтар сурат мегирад. Кенҷаева таъкид намуд, ки пардохти чиптаҳо тавасути кортҳои бонкӣ сурат мегирад. Дафтари матбуоти «Тоҷикайр» мегӯяд, ки сокинони кишвар метавонанд ба ин адрес www.tajikairline.com муроҷиат кунанд
XS
SM
MD
LG