Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквон-до (ИТФ) барои “Ҷоми Семей” дар Қазоқистон ҳашт медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Семипалатинск баргузор шуд.

Мусобиқа миёни бачагону наврасон, навҷавонону бузургсолон оид ба се намуд – спарринг, намоиши техника ва дифоъ аз худ сурат гирифт. Ба иттилои Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳашт варзишгар шомил буданд.

Дар сабқати дастаҳои мардона дар намуди дифоъ аз худ мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Фирӯз Шоймуродов, Ҳусниддин Одинаев, Толиб Холиқов ва Хуршед Абдуллоев ҷойи аввалро гирифт. Дар сабқати занон Зӯҳро Холова пирӯз гашт. Дар намуди спарринг Фирӯз Шоймуродов (63 кг), Толиб Холиқов (75 кг) ва Зӯҳро Холова (45 кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар сабқати навҷавонон Хуршед Абдуллоев (63 кг), Боймурод Расулов (57 кг) ва Сиёвуш Тешаев (36 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбонон – Семипалатинск пирӯз шуд. Дастаи Қарағанда дар ҷойи дувум ва мунтахаби Новосибирск дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG