Пайвандҳои дастрасӣ

Тарс аз мақомдорон, заифии рақобат ва набудани политтехнологҳо сабабҳои асосии роҳ наёфтани рекламаи сиёсӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд.

Дар тоблуҳои сари роҳ ё дар матбуот дидани таблиғномаи ин ё он ҳизб ва ё шахсиятҳои сиёсии алоҳида дар ин кишвар як амри муҳол аст.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ шояд барои бори аввал дар таърихи корзорҳои интихоботии Тоҷикистон аз фанновариҳои сиёсӣ кор бурд. Бо шарфҳои кабуд дар гардану бо шиори ба назари бисёриҳо хеле нишонраси “Имон ба Худо. Садоқат ба Ватан. Хидмат ба мардум” роҳии интихобот шудани наҳзатиҳоро аксар як далели муваффақияти ин ҳизби мухолиф медонанд. Онки дар ниҳоят мақомот ба наҳзати исломӣ боз ҳам фақат ҳамон 7 дарсади қаблиашро қоил шуданд, масъалаи дигар аст.

Аммо ин танҳо як мавриди алоҳида буд, ки ҳанӯз пайраве пайдо накардааст. Ҳатто дар ҳизби ҳоким ва аз нигоҳи молӣ тавонои халқӣ-демократӣ.

Шералӣ Ҷурабоев

Шералӣ Ҷурабоев

Шералӣ Ҷӯрабоев, роҳбари ширкати байналмиллалии таблиғотӣ Sky Сentral Аsia мегӯяд, дар Тоҷикистон политтехнологҳо ва мутахассисони пиари сиёсӣ ҳастанд, вале то ҳол, барои мисол, ба ширкати ӯ ягон ҳизб ва ё мансабдори алоҳида барои роҳандозии маъракаҳои таблиғотӣ муроҷиат накардааст: “Дар мо рақобат миёни ҳизбҳои сиёсӣ кам мушоҳида мешавад, чунки ҳама таҳти роҳбарии як ҳизб қарор дорад. Бинобар ин, чун талабот ба рекламаи сиёсӣ нест хадамоти ширкатҳои таблиғотӣ дар ин самт муштарӣ надорад.”

Набуди рекламаи сиёсиро бархе аз коршиносон ба сатҳи поёни фарҳанги сиёсӣ ва камбуди рақобат дар саҳнаи сиёсӣ бастагӣ медиҳанд.

Зебо Тоҷибоева, мудири хабаргузории “Азия-Плюс”, мегӯяд баҳсу пиари сиёсӣ дар Тоҷикистон то ҳол роиҷ нашудааст: “Мо ҳамчунин оддитарин политехнолог ва муттахасисони пиари сиёсиро надорем, ки маъракаҳои таблиғотии сиёсиро таҳия кунанд ва пеш баранд. Он чизе ки ҳоло ҳизбҳои сиёсии мо мекунанд, ин соддатарин усулҳои таблиғи андешаю ғояҳо аст. Дар мо ҳукумати президент хеле пурқувват аст ва дар интихоботи дар пешистодаи президентӣ эҳтимол аст касе аз рақибони ӯ кӯшиш кунанд аз вай болотару фарқкунанда бошанд. Чунки ин бисёр кори хатарнок аст.”

Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева

Хонум Тоҷибоева ҳамчунин афзуд, ҳатто агар дар сабқати интихоботи президентӣ рақиби билқуввае дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба майдон ояд, гумон аст, ки мақомот ба таблиғи ӯ зиёд роҳ диҳанд. Тавре мушоҳида мешавад, расонаҳои давлатӣ ба ҳизб ва шахсиятҳои мухолифи ҳукумат аслан минбар намедиҳанд. Аммо мансабдорони сатҳи гуногун мекӯшанд, то минбари телевизионҳои давлатиро ба манзури бевосита ба раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон расондани дастовардҳои худ истифода кунанд.

Яке аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, миёни мансабдорон, хосатан раисони ноҳияҳо як сабқати пӯшида идома дорад. Онҳо талош доранд ҳар рӯз, махсус дар нашри шомгоҳии ахбор, ки мегӯянд, барномаи ахбори ин соатро худи президент ҳам тамошо мекунад, дар бораи фаъолияташон гузориш пахш шавад.

Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Фараж”, мегӯяд, мансабдорони тоҷик аз нашри маводҳои худ дар нашрияҳои мустақил бим доранд: “Буд ҳодисаҳое, ки мо рафтем назди раисони ноҳияҳо дар болои мизашон нашрияҳои расмии назири “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” хоб буд. Вале чун бо онҳо бештар сӯҳбат мекунем, иқрор мешаванд нашрияҳои мустақилро мехонанд ва “Фараж”-ро аз ғалладонашон берун карданд. Мансабдорон иқрор мешаванд, ки агар дар рӯи мизашон нашрияҳои мустақилро ёбанд аз вазифаашон сабукдуш мекунанд.”

Ба назари маҳофил, як далели то ҳол ба Тоҷикистон чандон роҳ наёфтани рекламаи сиёсӣ вобастаи анъанаву суннатҳои қадим боқӣ мондани майдони сиёсат дар ин кишвар ҳам ҳаст. Агар ҳизби ҳоким пирӯзии худро бо истифода аз манобеи маъмурӣ таъмин мекунад ва ниёзе ба сарфи пули бештар ба реклама надорад, аҳзоби дигар аз сатҳи мулоқотҳои рӯбарӯ бо мардум, ки маъмулан дар масҷидҳо баъди адои намоз мегузаранд, фаротар намераванд.Сабаби дигар ба қоидаҳои аз сӯи ҳукумат ҷоришудаи бозӣ дар майдони сиёсат тан додани нирӯҳои мавҷудаи сиёсист, ки бо ҳамон чанд фоизе ки барояшон дар интихобот қоил мешаванд, қаноат меварзанд ва ба масрафи пули зиёд ба маъракаҳои таблиғотӣ риск намекунанд.

Тавре як фаъоли мухолифин ба "Озодӣ" гуфт, дар ниҳояти амр мақомот боз ҳам натоиҷи интихоботро ба суди худ мегардонанд ва ягон реклама ин қоидаро бозиро дигар карда наметавонад. Дастикам дар ҳоли ҳозир.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG