Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тани бе сари Аҳтамшоҳ ба хок супурда шуд


Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Аҳтамшоҳ Шарифов шаби чаҳоршанбе аз Маскав ба Душанбе оварда шуда, субҳи имрӯз дар зодгоҳаш ба хок супорида шудааст.

Аҳтамшоҳ Шарифов, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафта буд, чанде пештар аз сӯи афроди номаълум кушта шуд. Танҳо пас аз занги телефонӣ яке аз наздикони Аҳтамшоҳ хабардор мешавад, ки ҷасади ӯ дар сардхона ёфт шудааст.

Аммо дар сардхона тани бесари Аҳтамшоҳ хобида буд. Тавре Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, талоши намояндагонаш барои пайдо кардани сари Аҳтамшоҳ натиҷа надод ва бо исрори хешовандонаш тани бесари ӯ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Аҳтамшоҳ аз ҷониби кадом гурӯҳ ва ё афрод ба қатл расидааст. Ба қавли наздикони Аҳтамшоҳ вай фарзанди ягонаи хонаводааш буд, ки интизор мерафт имсол издивоҷ бикунад.
XS
SM
MD
LG