Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз қатъи парванда, ки дар иртибот ба "ғуломӣ"-и муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Маскав боз шуда буд, изҳори нигаронӣ карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия тасмим гирифтаанд, бар зидди қарори лағви парвандаи ҷиноии “ғуломдорӣ” дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав, ба додгоҳ ва аз ҷумла Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят баранд.

Муфаттишони додситонӣ 6-уми ноябр дар иртибот бо нигаҳдории иҷбории ду зани узбакистонӣ дар як фурӯшгоҳи Маскав парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Аммо ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс” додситонии байниноҳиявии Преображенскии Маскав ин қарорро лағв намуда, иброз доштааст, ки асоси қонунӣ барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад.

Ҳомии ҳуқуқи башар, Светлана Ганнушкина, мегӯяд, онҳо бар муқобили қарори додситонӣ ба додгоҳи Русия ва додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят хоҳанд бурд. Ганнушкина афзудааст, онҳо муваффақ шуданд аз истирдод ё худ депортатсияи ин одамони азиятдида ҷилавгирӣ кунанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Русия гуфтааст, ташаббускори парвандаи ҷиноии ғуломдорӣ дар фурӯшгоҳи Маскав, Кумитаи тафтишоти Русия буд, вале додситонӣ ин қарорро беасос донист.

Дар изҳороти Кумитаи тафтишот гуфта мешавад, 30-уми октябр ду зани узбакистонӣ ба ниҳодҳои қудратӣ арз карданд, ки онҳоро даҳ сол инҷониб ба ҳайси ғулом дар фурӯшгоҳи озуқаи кӯчаи Новосибирски Маскав истифода мебаранд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар, "Мемориал", дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, 30-юми октябр фаъолони ин созмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки ҳамчун ғулом дар фурӯшгоҳи кӯчаи Новосибирси Маскав нигаҳдорӣ мешуданд, аз банд раҳо карданд. Ба навиштаи "Мемориал", ҳар яке аз ин 9 зан ва 3 мард аз 5 то 10 солро дар он ҷо сипарӣ кардаанд.

Мемориал хотирнишон кардааст, ки “ғуломони раҳошуда”-ро пулис ба пойгоҳаш бурда, дар давоми 14 соат бидуни таваққуф ва ғизо истинтоқ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG