Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Аллен дар таҳқиқи қазияаш ҳамкорӣ мекунад


 Ҷон Аллен

Ҷон Аллен

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен мегӯяд, ӯ бо муфаттишони Пентагон, ки парвандаи ҷанҷоли марбут бо собиқ раиси Идораи марказии кашфи ИМА Дейвид Петреус пурра ҳамкорӣ мекунад. Пентагон тахминан аз 20 то 30 ҳазор саҳифа паёмҳои электронии генерал Аллен ба унвони як занро таҳқиқ хоҳад кард. Хадамоти тафтишоти ИМА паёмҳои генерал Аллен ба зане бо номи Ҷилл Келлиро кашф намуд. Аслан Келлӣ ба идораи тафтишот шикотя кард, ки зане ба ӯ номаҳои таҳдидомез мефиристад. Баъд маълум шуд, ки ин зан Пола Бродвел-занест, ки бо навиштаи тарҷумаи ҳоли генерал Петреус машғул аст. Дар ҳамин ҳол генерал Петреус мувофиқат кардааст, ки 16-уми ноябр дар Конгресс дар бораи ҳамла болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либияи маълумот диҳад.
XS
SM
MD
LG