Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 90 солагии ВВС дар ҳоли ногувор гузашт


 Қароргоҳи ВВС дар Лондон
Қароргоҳи ВВС дар Лондон
Дирӯз BBC-шабакаи пахши барномаҳои Британия 90-умин зодрӯзашро дар як ҳоли баҳсу ситеза пешвоз гирифт. Аввалин гузориши ин шабака тавассути радио дар таърихи 14-уми ноябри соли 1922 пахш шуда буд, ки дар он сухан дар бораи дуздӣ дар қатораи роҳи оҳан ва меҳ ё худ туман дар фазои Лондон мерафт. Вале дар рӯзи солгарди BBC бисёриҳо дар бораи айбномаи таҷовуз ба номуси кӯдакон аз тарафи яке аз ситораҳои ин шабака-Ҷиммӣ Севил ва ҳамчунон як барномаи дигари BBC меравад, ки дар он як сиёсатмадори ин кишварро беасос бо таҷовуз ба номуси кӯдакон айбдор кардаанд. Ин ҷанҷол сабаби истеъфои мудири куллии BBC шуд. Раиси бахши хабарии ин шабака ҳамроҳ бо муовинаш муваққатан барканор гаштааст. Сарвазири Британия Дейвид Кемерон мегӯяд, BBC бояд талош варзад, ки эътиборашро барқарор намояд.
XS
SM
MD
LG