Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон коргоҳи санадҳои қалбакӣ кашф шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, дар шаҳри ҷанубии Ӯши ин кишвар як коргоҳи пинҳониро ошкор кардааст, ки ҷангҷӯёну террористҳоро бо санадҳои тақаллубӣ таъмин менамуд.
Соҳиби ин коргоҳ, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, боздошт шудааст. Рӯзи чоршанбе маъмурони полиси Қирғизистон гуфтанд, ки аз ин коргоҳ ҷиҳози табъу нашр, камаш 100 шиносномаи тақаллубӣ ва ҳамчунон шаҳодатномаҳои таваллуду никоҳ, дипломи донишгоҳ ва санади ронандагӣ мусодира шудааст. Дар ибтидои солҳои дуҳазорум ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон вилоятии Ӯши Қирғизистонро ҳамчун минтақаи транзит барои вуруд ба хоки Узбакистон истифода бурдаанд.
XS
SM
MD
LG