Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро додситонӣ мухолифи таҳқиқи ғудомдорӣ шуд?


 Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия тасмим гирифтаанд, бар зидди қарори лағви парвандаи ҷиноии “ғуломдорӣ” дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав ба додгоҳ ва аз ҷумла Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят баранд.
6-уми ноябр муфаттишон дар иртибот бо нигаҳдории иҷбории ду зани узбакистонӣ дар як фурӯшгоҳи Маскав парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.
Аммо ба навиштаи хабаргузории Интерфакс додситонии байниноҳиявии Преображенскии Маскав ин қароррро лағв намуда, иброз доштааст, ки асоси қонунӣ барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад. Ҳомии ҳуқуқи башар Светлана Ганнушкина мегӯяд, онҳо бар муқобили қарори додситонӣ ба додгоҳи Русия ва додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят хоҳанд бурд.
Ганнушкина афзудааст, ки онҳо муваффақ шуданд аз истирдод ё худ депортатсияи ин одамони азиятдида ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG