Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Палатаи ҳисоби Тоҷикистон муайян шуд


Парлумони Тоҷикистон номзадии панҷ нафарро ба ҳайси сараудиторони Палатаи ҳисоб дастгирӣ карда, ҳайати олитарин ниҳоди назорати молиявӣ дар кишварро комил сохт.

Бо пешниҳоди президент ба ҳайси сараудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, Ашӯралӣ Мирзоев, Қосим Муъминов, Файзалӣ Зарипов, Маҳмадалӣ Самиев ва Зикрихудо Самадов таъин гардиданд.

Моҳе пеш Дилмурод Давлатов раиси Палатаи ҳисоб ва Каримов Хуршед муовинаш таъин гардида буд.

Ин ниҳоди нав мақоми олии назорати молиявӣ дар кишвар буда, фаъолияти сохторҳои дигари назорати молиявӣ, аз қабили Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияю прокуратураро ба танзим медарорад. Тавре зимни таъини роҳбарияти Палата зикр гардид, президенти Тоҷикистон супориш додаст, ба кор дар ин мақоми олии назорати молиявӣ «шахсони ҳалолу тоза аз минтақаҳои гуногуни кишвар» ҷалб гарданд.

Тибқи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон», Палата ваколати назорати маблағҳоро дар тамоми шохаи ҳокимият дошта танҳо ба президент ва парлумон ҳисобот медиҳад.

Ба ҳайати Палата, раис, муовини раис, ва панҷ сараудитор дохил мешаванд, ки ҳамаашон ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Онҳо ба мӯҳлати ҳафт сол таъин мегарданд ва наметавонанд вазифаашонро зиёда аз ду маротиба ишғол намоянд. Ин нафаронро бе иҷозати президент ва парлумон ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан ва кофтуков намудан ба истиснои ҳолати дастгир шудан дар ҷои содиршавии ҷиноят манъ аст. Дахлнопазирии масъулини номбаршудаи Палатаи ҳисоб ба манзил, утоқи корӣ ва нақлиёти хизматиашон паҳн гардида, дар онҳо гузаронидани кофтуков, гӯш кардани телефонҳои мобилӣ, гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳо танҳо бо иҷозати Суди олии Тоҷикистон, баъди кушодани парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст.

Мувофиқи қонун, Палатаи ҳисоб на дертар аз панҷ рўзи корӣ роҳбари ташкилоти санҷидашавандаро дар бораи санаи оғози санҷиш ва давомнокии он огоҳ мекунад. Дар сурате, агар сараудитор, эҳсос намояд, ки огоҳиномаи пешакӣ метавонад, ба ҷараёну натиҷаҳои кораш халал расонад, метавонад дар асоси мактуби раиси Палата фавран, беогоҳии пешакӣ ба тафтиш пардозад.


Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки ихтисори ниҳодҳои давлатӣ ва аз ин ҳисоб кам намудани хароҷоти давлатӣ ҷараён дорад, бисёре аз коршиносон созмони палатаро дастгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон дар шароити Тоҷикистон баробари прокуратураю оҷонсии фасод сохторе зарур аст, ки дар баробари ҷазо боз барои беҳбуди идораи молиявии ташкилот маслиҳат диҳад ва ин вазифаро метавонад Палатаи ҳисоб иҷро намояд.
XS
SM
MD
LG