Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши истифода аз кортҳо пластикӣ дар Тоҷикистон


Теъдоди муштариёни бонкҳои Тоҷикистон, ки аз кортҳои пардохтӣ истифода мекунанд, тайи як соли ахир ҳудуди 80 дарсад афзудааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 9 ташкилоти қарзӣ дар кишвар бо барориш, ё эквайринги кортҳои пардохтӣ машғуланд, ки аз инҳо 3 ташкилоти қарзӣ иштирокдори низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” гардидаанд ва ҳоло 513 ҳазор адад корти пардохтӣ дар Тоҷикистон истифода мешаванд. Бино ба ин манбаъ, ҳиссаи кортҳои низоми пардохти байналмилалии Visa International 42,42% (217 603 адад) – и ҳаҷми умумии кортҳои баровардашудаи ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҳиссаи кортҳои низоми пардохти MasterCard 1,59% (8 153 адад) ва кортҳои дохилӣ 55,98% (287 182 адад) – ро ташкил медиҳанд. Абдуғаффор Қурбонов мегӯяд, миқдори кортҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 94% афзудааст. Низоми пардохти кортӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 аввалин маротиба аз сӯи «Агроинвестбонк» мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо дар ҳоли ҳозир, муштариёни «Амонатбонк» - 41, «Тоҷиксодиротбонк» - 29, «Агроинвестбонк» - 18, «Ориёнбонк» - 5, «Эсхата» - 4 ва бақия бонку ташкилотҳои молӣ 4 дарсад амалиёти бонкии худро тариқи кортҳои пластикӣ анҷом медиҳанд.Тибқи иттилои Бонки миллӣ, то 1-уми ноябри соли 2012 соҳибони кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он 5 536 ҳазор амалиёт ба маблағи 2 398,3 миллион сомонӣ амалӣ карданд, ки суръати афзоиш нисбат ба 1-уми ноябри соли 2011 мувофиқан 67% аз рӯи миқдори амалиёт ва 60,1% аз рӯи ҳаҷмро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG