Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони покистонӣ ҳаққи таҳсили ройгонро пайдо мекунанд


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай
Палатаи поёни парлумони Покистон тарҳи қонун дар бораи маълумоти миёнаи умумии ройгон барои ҳама кӯдакони аз 5 то 16-соларо пазируфт. Аз ин пеш тарҳро палатаи болоии парлумон – Сенат ҳам қабул карда буд.

Бар пояи иттилои СММ, беш аз 5 миллион кӯдакони покистонӣ аз таҳсил дар мактаб маҳруманд. Бештар онҳо духтаронанд.

Гуфта мешавад, ба қабули қонун сӯиқасд ба ҷони духтараки покистонӣ Малола Юсуфзай аз сӯи толибон мусоидат кард.Малола Юсуфзай барои талошҳои ба мактаб рафтани духтарони водии Свот ҳадафи тир қарор гирифт ва ҳоло дар бемористони шаҳри Бирмингеми Бритониё таҳти назорати табибон қарор дорад.

10-уми ноябр аз сӯи Созмони Милал Рӯзи ҷаҳонии пуштибонӣ аз Малола Юсуфзай ва таҳсили духтарон эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG