Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 14-уми ноябр, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аввалин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Аврупо оид ба якҳарбаҳои омехта шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар Қасри варзиши “Ледовый” (“Яхӣ”) ҷараён дорад, ҳудуди 60 варзишгар аз 16 кишвар дар 7 вазн рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомиланд: Фарҳоди Саидмирзо (вазни то 65,8 кг), Камолиддин Муҳиддинов (то 70,3 кг), Лоиқ Раҷабов (то 77 кг), Муҳаммадҷон Ализода (то 84 кг) ва Эраҷ Холов (+93 кг). Танҳо дар як вазн – то 93 кг Тоҷикистон намоянда надорад.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ин мусобиқа ба ғайр Русияву Тоҷикистон, инчунин варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон ва Украина ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарони Австрия, Булғористон, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Исроил, Словакия, Туркия ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷикро ба ин мусобиқа Фёдор Емеляненко, раиси Созмони якҳарбаҳои омехтаи размӣ ММА-и Русия, даъват намудааст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳаваскор иштирок мекунанд ва мусобиқаи мазкур баҳри онҳо як ҷаҳишест барои дар оянда дар мусобиқоти варзишгарони ҳирфаӣ қувваозмоӣ кардан.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG