Пайвандҳои дастрасӣ

Супурдани имтиҳони забон барои муҳоҷирон ҳатмӣ шуд


Қонун дар бораи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷиронии кории хориҷӣ имрӯз дар рӯзномаи “Российская газета” нашр шуд.

Бар пояи қонун, барои дарёфти иҷозаи кор дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, тиҷорату хизматрасонӣ, муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид бо Русия бояд забондонии худро бо пешниҳоди муҷаввиз собит кунанд. Ин муҷаввиз ба муҳоҷир баъд аз супурдани имтиҳони забони русӣ дода мешавад.

Ҳамчунин бояд муҳоҷирони корӣ санади хатми мактаби миёнаро, ки дар қаламрави Русия шинохта шудааст, бо худ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG