Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷей Карнӣ: Обама ба Аллен эътимод дорад


Ҷон Аллен

Ҷон Аллен

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба генерал Ҷон Аллен эътимод дорад.

Намояндаи Кохи сафед Ҷей Карнӣ ба хабарнигорон гуфт, Обама мутмаин аст, ки Аллен, бо вуҷуди тафтишот оид ба “рафтори ношоямаш”, метавонад ба нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон сарварӣ кунад. Ӯ афзуд, Барак Обама бо пешниҳоди раҳбари Пентагон Леон Панетта барои то анҷоми тафтишот мавқуф гузоштани таъиноти Аллен дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи НАТО дар Аврупо розӣ шуд.

Тафтишот дар робита ба имкони латма задан ба амнияти миллии ИМА баъд аз хабари робитаҳои маҳрамонаи Ҷон Аллен бо Ҷилл Келлӣ шурӯъ шуд. Ҷилл Келлӣ бо моҷарои хиёнати раиси пешини СРУ ё Хадамоти марказии тафтишот Дэвид Петреус ба ҳамсараш рабт дорад. Петреус баъд аз фош шудани робитаи маҳрамонааш бо Паула Броадуэлл аз мақомаш истеъфо дод. Броадуэл чанд бор ба Ҷилл Келлӣ, дӯсти хонаводаи Петреус, номаҳои таҳдидомез навишта буд.
XS
SM
MD
LG