Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби тарҳи Будҷа-2013. Лоббиҳо даст доштанд?


Бинои парлумони Тоҷикистон.

Бинои парлумони Тоҷикистон.

Қонуни будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 дар иҷлоси имрӯзи МН баъди баррасӣ ва муҳокимаи зиёд, қабул гардид.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки банду моддаҳои ин қонунро ба вакилони парлумон тавзеҳ мекард, гуфт, ҳаҷми умумии маблағи будҷа 12, 1 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду миллиард сомонӣ бештар аст ва беш аз 50 дарсади ин будҷа ба бахши иҷтимоӣ ихтисос дода шудааст.

Аммо як нуктае, ки мавриди баҳси вакилон қарор гирифт, вогузории имтиёзоти вижа аз сӯи ҳукумат ба бархе аз корхонаҳо, аз ҷумла корхонаи Талко аст, ки саҳми онро дар пур кардани бюҷет боз ҳам коҳиш додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин корхона бузургтарин муассисаи саноатии кишвар ба шумор рафта ва қариб нисфи барқи тавлидотии кишварро бо арзонтарин нарх истифода мекунад. Коршиносон мегӯянд, ки вогузории чунин имтиёзҳо ба ин корхона аз он дарак медиҳад, ки он зери ҳимояти лоббиҳои бисёр тавоно фаъолият мекунад.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Дар ҳоле, ки пахта ва алюминий аз сарчашмаҳои умдаи таъмини будҷаи давлатӣ талаққӣ мешаванд, бархе аз вакилони парлумон аз коҳиши ҳиссаи ин ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон дар ғанисозии хазина ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷараёни баррасии тарҳи қонуни будҷа сӯҳбат мекард, аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки саҳми корхонаи алюминий- «Талко» ба будҷаи кишвар дар муқоиса бо солҳои пешина боз ҳам камтар шудааст: «Аз рӯи он ҷадвалҳое, ки дар дасти мо ҳаст, андоз аз фурӯши пахта ва алюминий, даромад аз фурӯши онҳо нисбат ба соли гузашта ба 88 фоиз пойин фаромадааст. Яъне 17, 8 миллион сомониро ташкил додааст. Ва андоз аз аксизҳо. Инҳо низ ба 98 фоиз пойин фаромадааст ба 5,3миллион, аз ҷумла андоз аз аксизҳои дохилӣ ба 85 фаромадааст. Сабаби ин чӣ аст. Ё ин маҳсулот фурӯхта намешавад ё ҳаҷмаш кам шудаст, ё ки кадом сабаби дигар. Чунки инҳо даромадҳои муҳимми бюҷети мо мебошанд.»

Шодӣ Шабдолов дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» афзуд, вақте ин корхонаи бузурги саноатӣ аз ҳар лиҳоз соҳиби имтиёзҳои вижа мешавад, ҳамасола коҳиш додани саҳми он дар пур кардани будҷаи кишвар машкук ба назар мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаи «Талко» қариб нисфи барқи тавлидшуда дар кишварро бо нархи арзонтарин, яъне 6 дирам барои ҳар киловатт истифода мекунад.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси Кодекси нави андози кишвар, ки аз соли оянда мавриди амал қарор мегирад, бархе аз андозҳо, аз ҷумла андоз аз фурӯш ва андози коркардаи алюмиинй якҷоя карда шудааст: «Оиди андоз. Андоз аз фурӯш. Дар ҳақиқат шумо дуруст қайд кардед. Мо дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, як қисми андозҳоро оптимизасия кардем, якҷоя кардем. Барои ҳамин андоз аз фурӯши алюминий ва коркарди алюминий ба як намуди андоз муттаҳид карда шуд. Барои ҳамин андоз аз фурӯш нисбатан кам шудааст. Чун дар Кодекс чунин аст дар ҳисоботҳо ҳам аз рӯи ҳамин пешниҳод гардидааст.»

Зимнан, ин танҳо корхонаи «Талко» нест, ки бо шароити махсус фаъолият карда ва
бо пуштибонии «лоббиҳо» дорои имтиёзоти фаровон мебошанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин гуна ширкатҳо ва корхонаҳо, ки тиҷоратҳои пурфоидатарин, аз ҷумла бозори хӯрокаву маводи сӯхтро дар назорат доранд, дар дасти афроди наздики ҳукумат ва ё аз они худи ҳукуматиҳост, ки ба номи нафарони дигар сабти ном шудаанд. Парлумони Тоҷикистон дар гузашта ҳам чандин ширкатро бо қарорҳои алоҳида аз пардохти молиёту боҷу хироҷи гумрукӣ озод кард, ки дар расонаҳо аломати дасти дарози пуштибонҳои пушти пардаи ин ширкатҳо дар зинаҳои гуногуни давлатӣ талаққӣ шуд.

Як намунаи ангуштнамо ҳамон Ай Эр Эс – ширкати масъули пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аст, ки аз пардохти молиёт шона холӣ кардааст. Дар маҳофил мегӯянд, ҳамин тавр, ТАЛКО, ки то кунун барқро дар қиёс бо корхонаҳои дигар хеле арзонтар дарёфт мекард ва ҳаҷми молиёташ ҳам, ба бовари иқтисоддонҳо, Саймиддин Дӯстов, коршинсти тоҷик.

Саймиддин Дӯстов, коршинсти тоҷик.

дархӯри бузургтарин корхонаи саноатии кишвар нест, низ аз ҷумлаи корхонаҳои мавриди ҳимоят ва таваҷҷӯҳи хоси раҳбарони аввали кишвар арзёбӣ мешавад.

Саймиддин Дӯстов, масъули созмони иҷтимоии «Индем» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар Тоҷикистон корхона ва ширкатҳое бо пуштибонии лоббиҳо фаъолият мекунанд, ки ё мустақим ва ё ғайримустақим ба марказҳои қабули қарор иртибот доранд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Дӯстов мегӯяд, марказҳои қабули қарор дар кишвар як ва ё дутост: «Намунаи лоббигарии фаҳштарин дар таърихи Тоҷикистон ҳамин ширкати IRS аст, ки тавре дар матбуот борҳо гуфтанд ба Ҷамолиддин Нуралиев ба ин ё он васила рабте дорад ва албатта ин ширкат муваффақ шуд, ки аз тариқи парлумон имтиёзҳои зиёд, яъне аз кулли андозҳо озод бигардад ва бар ивази ин як бозори пулҷамъкунии ҳудуди 25-35 миллион доллариро соҳиб гашт.»

Бо ин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки ҷиҳати шаффофии фаъолияти корхонаи алюминий он ба шакли собиқаи худ баргардад ва аз тарафи дигар чун ин корхона ҳоло маълум нест дар иқтисоди кишвар чи нақше мегузорад, ҳамасола аз харҷ ва дахли худ ба вакилони мардум ҳисобот диҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG