Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Тоҷикистон муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии кишварро аз мақомаш фаро хонд.

Дар чанд моҳи пеш Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ректори пешини Донишгоҳи иқтисодӣ Нозимҷон Нидоев ва муовинаш Эмомалӣ Одинаевро дар сирқати 2 миллион сомонӣ муттаҳам донист. Гуфта мешавад, бозхонди Нидоев аз муовинии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ ба ҳамин парванда бастагӣ дорад.

Вакили парлумон Исмоил Талбаков мегӯяд, ин тасмим бо пешниҳоди президент Эмомалии Раҳмон гирифта шуд ва аз ҷониби ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ ёфт. Ҷаноби Талбаков афзуд:

Исмоил Талбаков, вакили МН

Исмоил Талбаков, вакили МН

«Имрӯз иҷлосия пешниҳоди президентро дар бораи бозхонди Нидоев ва ба ин вазифа пешбарӣ намудани Саидбой Зокиров, собиқ раиси иттиффоқҳои касабаи вилояти Суғдро салоҳ донист ва дар рафти баррасӣ ягон эътироз садо надод. Аз он ду миллион камомаде, ки вай дорад, дар иҷлосия матраҳ нашуд, шояд ин иттилоъро худи президенти кишвар дорад. Чун пешниҳодҳо аз ҷониби ӯ сурат мегирад ва асоснок карда мешавад. »

Нозимҷон Нидоев, ҳамагӣ як сол пеш ба вазифаи муовини раиси КМИТ таъйин шуда буд. Худи Нидоев, аз тасмими ахири парлумон изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, «ин кор ба салоҳияти президент дахл дорад. Ӯ ҳам пешниҳод мекунад ва ҳам аз вазифа бозмехонад. Аммо бо ман то ҳол дар ин маврид ҳеҷ сӯҳбат нашудааст.»

Дар ин баробар оқои Нидоев, даст доштанаш дар сирқати молиро рад мекунад ва мегӯяд, дар фаъолияташ ба кӯтоҳие роҳ надодааст. Ӯ гуфт, «ман бо ин иттиҳомот розӣ нестам. Ҳоло таҳқиқот идома дорад, ва ҳанӯз чизе саҳеҳ нест. Барои ин ҳам дар ин маврид ҳоло ҳеҷ чиз гуфтан наметавонам.»

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон низ бар инанд, нафаре, ки даст ба фасоди молӣ задааст, ва аз раҳбарии як донишгоҳ озод шудааст, наметавонад дар чунин вазифаҳои баланд фаъоляиташро идома диҳад. Аз ҷумла Амният Абдулназаров, таҳлилгари тоҷик ҳам фарохонии Нозимҷон Нидоевро аз ин Амният Абдуназаров, коршиноси тоҷик.

Амният Абдуназаров, коршиноси тоҷик.

вазифа барҳақ мешуморад. Аммо бо ин ҳама вай мегӯяд, «Ин беҳтарин усул аст, ки нафарони фасодзада аз вазифа озод шаванд. Аммо ин тасмим дар Тоҷикистон барои дигарон наметавонад чун панд бошад. Зеро то имрӯз дар кишвар ягон соҳибмансабро ба хотири ришва ба ҷавогарӣ накашидаанд. Ва ин ҳама таку давҳо ҳам ба хотири соҳиби мансаб шудан мебошад. Чун мансаб манбаи даромади бедарди миён боқӣ мемонад.»

Зимнан Нозимҷон Нидоев, ки доктори улуми иқтисодист, дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди кишвар бо иттиҳоми тасарруф ва азхудкунии маблағи давлат ба миқдори 2 миллион сомонӣ боздошт шуда буд. Дар баробари вай муовинаш низ бо ҳамин айб дастгир гардид ва ҳамчунин се нафари дигар дар ин робита ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Аммо дар моҳи май раиси Оҷонси зидди фасод Фаттоҳ Саидов хабар дод, ки Нидоев 600 000 сомонӣ аз ҷамъи хисороти ба давлат овардаашро баргардонд ва ӯро аз боздошт раҳо карданд, то боқӣ хисороти расондаашро ҷуброн кунад. Ҳоло Нозимҷон Нидоев бо шарти хориҷ нашудан аз маҳалли истиқомат, дар озодӣ ба сар мебарад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG