Пайвандҳои дастрасӣ

Остона ҳам муҳоҷиронро ба "танг" меорад


Бинои парлумони Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Бинои парлумони Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Парлумони Қазоқистон тарҳеро баҳс мекунад, ки дар сурати тасвиби он, ҳазорон муҳоҷири тоҷик низ ба мушкил рӯбарӯ мегарданд.

Вазорати умури дохилаи Қазоқистон барои пешгирии вуруди ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба парлумони ин кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳоро дар қонунгузории муҳоҷират пешниҳод кардааст.

Ҳайрат Тинибеков, муовини вазири умури дохилии Қазоқистон, зимни муаррифии тағйиру иловаҳо изҳор доштааст, аз ин баъд муҳоҷирони меҳнатӣ бояд иҷозатнома гирифта, андоз супоранд: «Муҳоҷирро зарур аст, ки барои иҷозатномаи кор дар як моҳ ду нишондоди ҳисоботиро пардохт кунад, ки баробари 3 236 танга (ҳудуди 120 сомонӣ) аст. Мӯҳлати иҷозатномаи кор аз 1 то 3 моҳ буда, бештар аз як сол тамдид шуда, наметавонад.»

Инчунин ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон, соҳаи фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ низ маҳдуд хоҳад шуд. Вай мегӯяд, мувофиқи тағйиру иловаҳои нав, муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва таъмиру сохтмони амволи ғайриманқул дар Қазоқистон ҳуқуқи фаъолият доранд.

Ҳайрат Тинибеков дар қатори кишварҳои «донор»-и муҳоҷирони меҳнатӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро номбар кардааст. Ба иттилои ӯ, аз 2 миллион шаҳрванди хориҷие, ки тайи ду соли гузашта ба Қазоқистон омадаанд, як миллиони он ба Тоҷикистон Узбакистон ва Қирғизистон рост меояд.

Қазоқистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони тоҷик, баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад. Тибқи иттилои ниҳодҳои вобастаи Тоҷикистон, дар Қазоқистон ҳудуди 100 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик фаъолият мекунад, ки 70 фоизашон ба савдою соҳибкории хурд машғул ҳастанд ва умдатан меваю сабзавот ва молҳои саноатиро савдо мекунанд. Аммо тибқи тағйироти нав дар Қазоқистон, танҳо сокинони ин кишвар, шаҳрвандони Беларусу Қирғизистон ва Русия, ки корти иқомат доранд, метавонанд ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул шаванд. Барои шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ иҷоза дода намешавад ва онҳо чун соҳибкори инфиродӣ сабти ном намегарданд.

Аз ин нигоҳ, паёмади ин тасмими Қазоқистон ҳазорон тоҷикро, ки дар бозорҳо кор мекунанд, бидуни ҷои кор ва сарчашмаи дарёфти ризқу рӯзӣ хоҳад гузошт. Тӯйчӣ Каримов, як тан аз тоҷирони "Барахолка"-и Алматӣ, ки тақрибан 15 сол боз бо тиҷорати пойафзол машғул аст, гуфт, "ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин ҷо кор мекунад, 10-15 сол пеш омадаанд, молу мулки бисёр ҷамъ кардаанд. Ҳоло ҳамаамон саргардону ҳайронем ва баъзеашон ба тарафи Русия ва баъзеи дигар ба Қирғизистон муҳоҷират мекунанд. Вале молу мулкро ин ҷо монда рафтан даркор. Ин, албатта, хеле вазнин мешавад…"

Масъулини Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯянд аз ин вазъ огоҳанд ва айни ҳол барои кам намудани зарари ин тағйирот бо масъулини қазоқ гуфтушунид доранд. Ҳамин тариқ дар назар аст, ки тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории муҳоҷирати Қазоқистон баъди баррасӣ дар парлумон аз оғози соли оянда мавриди амал қарор гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG