Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Путину Карзай сӯҳбат кард


 Барак Обама-президенти ИМА
Барак Обама-президенти ИМА
Қасри Сафед мегӯяд, рӯзи сешанбе президенти ИМА Барак Обама бо раҳбарони шаш кишвари олам, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай интихоби дуборааш ба курсии раёсатҷумҳурии Амрикоро арзёбӣ намуд. Путин бори дигар Обамаро ба зиёрат аз Русия даъват кардааст. Ҳамчунон дафтари матбуотии президенти Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки президент Обама раҳбари афғонро барои музокирот ба Қасри Сафед даъват кардаву Ҳомиди Карзай ин даъваномаро ба хушӣ пазируфтааст.
XS
SM
MD
LG