Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15,5 соли зиндон барои бародаркушӣ


Матбуоти Русия менависад, ки додгоҳе дар вилояти Свердловск як ҷавони тоҷикистониро ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кардааст. Тибқи хабарҳо, Манучеҳр Шавкатови 23-сола барои куштори бародари хурдсоли худ ва ҳам убури ғайриқонунии марз ба 15,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳодиса апрели соли 2008 рух додааст. Додситонии вилояти Свердловск гуфтааст, ки Манучеҳр аз рашки шадидаш писари 11-солаи падарро аз зани дигар хафа карда куштааст. Ҷасади тифлро баъдан ба як чуқурие андохта онро бо партову ахлотпораҳо гӯр кардааст. Додситонӣ гуфтааст, ки Шавкатов умед дошт падарашро баъди ин ҳодисаҳо дубора ба ба оилаи худ бармегардонад.

Гуноҳи дигари ӯ дар убури ғайриқонунии марз гуфта мешавад. Аз рӯи иттилои додситонӣ, баъди ихроҷаш аз хоки Русия ӯ бо исму шиносномаи қалбакии дигар апрели соли 2011 дубора ба қаламрави Екатеринбург ворид шудааст.

Таъйиди ин иттилоъ тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
XS
SM
MD
LG