Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушаки нави худро дар шарқи кишвар озмудааст


Эрон мегӯяд, ки рӯзи сешанбе дар ҷараёни машқҳои густардаи низомӣ дар шарқи кишвар мушаки нави дифои зидди ҳавоиро муваффақиятомез озмоиш кардаст.

Матбуоти Эрон навиштааст, ки ин системаи нави дифои зидди ҳавоӣ баъд аз ошкор шудани системаи Hawk-и Амрико сохта шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Эрон, ҳадафи ин машқҳои густарда фиристодани паём ба ононест, ки ба Эрон таҳдид мекунанд. Телевизиони давлатии Эрон навореро ба намоиш гузошт, ки рӯзи сешанбе ин мушак партоб шудааст ва ҳавопаймои дуруғин ё модели ҳавопайморо нобуд сохтааст.

Бино ба гузориши телевизионӣ, ин мушак метавонад дар масофаи 80 километр ҳадафро ба нишон гирад ва нобуд кунад.

Манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG