Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон


Ҷавонони тоҷик бо имкониятҳои таҳсил дар хориҷа шинос шуданд

Ҷавонони тоҷик бо имкониятҳои таҳсил дар хориҷа шинос шуданд

Имрӯз, 13-уми ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имкониятҳои таҳсил дар хориҷа аз ҷумла Иёлоти муттаҳида муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ, ки имрӯз, 13-уми ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ шуд, ҷавонони тоҷик бо имкони таҳсил дар беруни кишвар шинос мегарданд.

Дар рӯзи аввали ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико ба донишҷӯёну толибилмон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил дар хориҷа маълумот пешниҳод карданд.

Сюзан Эллиот

Сюзан Эллиот

Зимни ифтитоҳи ҳафтаи таҳсил, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Сюзан Элиот, оид ба ҳадафҳои баргузории чорабинӣ иброз дошт, ки яке аз стратегияи муҳими Ҳукумати ИМА ин рушди маориф аст: «Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд».

Дар охир хонум Элиот ба иштирокдорони ин чорабинӣ, ҷавонони тоҷик муроҷиат намуда гуфт, ки «умедворам шумо аз ин шароит ва имконоти фароҳамгардида истифода бурда, ин чорабинӣ барои сайқал додани маҳорату қобилияти шумо ва гирифтани тахассус кӯмаке хоҳад шуд.»

Дар ҳамин ҳол, дар ифтитоҳи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҳудуди 500 нафар донишҷӯёну толибилмони макотиби кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинӣ рӯзҳои 14-ум то 16-уми ноябри соли равон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон идома ёфта, дар он мавзӯъҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан, мувофиқи маълумоти расмӣ дар соли 2011, 249 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ба Амрико рафтаанд ва ин нишондод дар соли 2012-ум, 298 нафарро ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG