Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон аз афзоиши маризиҳои роҳҳои нафаскашӣ ва қалбу саратон дар солҳои охир нигаронӣ мекунанд.

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар муаррифии гузориши дувуми татбиқи "Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" ба хабарнигорон гуфт, "замоне, буд, ки рақамҳои омории мо поён буданд, аммо ин маънои онро надошт, ки миллат солим буд. Он вақт мардум ба духтурон эътиқод надошт ва имкониятҳои ташхисии мо маҳдуд буд."

Соҳибназар Раҳмонов ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди он ки арсаи беҳдоштӣ дар кишвар ба мушкили молӣ мувоҷеҳ аст, аммо дар муқоиса ба 20 соли пеш мизони беморшавии аҳолӣ ду баробар камтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли ахир маблағгузории ин соҳа 25 дарсад афзудааст. Ба гуфтаи ин мақомдор, дар ҳоли ҳозир барои беҳбудии вазъи беҳдошт дар кишвар бо ин ниҳод 26 созмонҳои байналмиллаӣ ҳамкорӣ мекунанд. Гуфта мешавад, танҳо барои мубориза бо бемории сил 60 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Ҷаноби Раҳмонов илова кард, ки "имрӯз гирифторшавӣ ба маризии сил рӯ ба коҳиш дорад. Ҳамчунин мизони фавт аз ин маризӣ дар кишвар ду маротиба поин рафтааст."

Жужана Якаб, раҳбари кулли Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки низ дар натиҷагирии имсолаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ширкат дошт, мегӯяд, мақомоти ин кишвар дар бархе арсаҳо даст ба муваффақият ёфтаанд. Ӯ гуфт, "масалан, дидам, ки чӣ гуна мизони маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон поин омадааст ва ҳамчунин фарогирӣ ба маъракаи эмгузаронӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Аммо бо назардошти он ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва имкони хуруҷи бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад, бояд сармоягузориро дар бахши назорати санитариву беҳдоштӣ бештар намоем."

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони масоили беҳдоштӣ тавсифи рушди назарраси бахши беҳдоштии Тоҷиикистонро аз воқеият каме дур медонанд ва бар инанд, ки шикояти мардум аз сифати пасти табобат ва мавориди бешумори ришваситонӣ аз мушкилоти зиёд дар соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад. Як мояи шикояти мардум аз сатҳи пасти малака ва дониши табибони тоҷик аст ва бисёриҳо ҳатто ба табибоне, ки баъд аз соли 1990 Донишгоҳи тиббиро хатм кардаанд, аслан бовар надоранд.

Маҳина, як сокини пойтахт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоли ҳозир аксари пизишкон ҳарчанд таҷрибаи зиёди корӣ доранд, аммо ба ҳангоми муроҷиат ба онҳо маълум мешавад, ки донишашон чандон кофӣ нест. Агар мабодо фарзандатон бемор шавад ва Шумо ба назди 3 пизишк равед, ҳар яке ташхисҳои мухталиф медиҳанд ва доруҳои худро менависанд. Гоҳҳо ба кӯдакони хурдсол доруҳоеро тавсия медиҳанд, ки умуман ба кӯдаки то 3-сола додани онҳо манъ шудааст. Бинобар ин, кас намедонад, ки ба кадоме аз онҳо бовар кунад."

Мояи дигари нороҳатии мардум ин аст, ки бар хилофи Қонуни асосӣ, ки хидмати ройгони тиббиро замонат додааст, хадамоти тиббӣ дар кишвар қариб саросар пулакӣ шудааст ва бемористон, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ба маконе табдил шудааст, ки дар он “бепул суханат асар надорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG