Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд


Имрӯз, 13-уми ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ шурӯъ шуд. Дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, Education USA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико иштирок намуда, ба донишҷӯёну толибилмон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил дар хориҷа маълумот пешниҳод карданд.

Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Элиот оид ба ҳадафҳои баргузории чорабинӣ иброз дошт, ки яке аз стратегияи муҳими Ҳукумати ИМА ин рушди маориф аст: «Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд».

Дар охир хонум Элиот ба иштирокдорони ин чорабинӣ-ҷавонони тоҷик муроҷиат намуда гуфт, ки «умедворам шумо аз ин шароит ва имконоти фароҳамгардида истифода бурда, аз он барои сайқал додани маҳорату қобилияти шумо ва гирифтани тахассус кӯмаке хоҳад шуд.»

Дар ҳамин ҳол, дар ифтитоҳи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҳудуди 500 нафар донишҷӯёну толибилмони макотиби кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинӣ рӯзҳои 14-ум то 16-уми ноябри соли равон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон идома ёфта, дар он мавзӯъҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан, мувофиқи маълумоти расмӣ дар соли 2011 249 нафар барои таҳсил ба Амрико рафтаанд ва ин нишондод дар соли 2012 298 нафарро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG