Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон 5 ходими нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро ба мӯҳлати умумии 46 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Исмоилбек Мирмахсумов, раисикунандаи мурофиаи додгоҳӣ, бо эълони ин ҳукм гуфт, гуноҳи афроди муттаҳам собит шуда, аммо онҳо метавонанд то 10 рӯзи дигар аз рӯи ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.

Додгоҳ капитан Низомиддин Яъқубов, собиқ сардори дидбонгоҳи №1-и "Вахш"-и Идораи марзбониро дар убури ғайриқонунии марз, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нигоҳдории аслиҳа ва сӯистифода аз мансаб гунаҳкор дониста, барои 21 сол равонаи зиндон кард.

Сарбози қаторӣ Ҷумъабеки Нуралӣ барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ, лейтенанти калон Алишер Сӯфиев ва майор Анварҷон Ҳакимов ба 5 сол ва капитан Зуҳуршо Мирзоев ба 3 соли маҳбас маҳкум шуданд.

Агарчӣ айбдоркунандаи давлатиро ҳукми додгоҳи ҳарбии Хатлон қонеъ кард, аммо баъзе аз вакилони мудофеи афроди маҳкумшуда ин ҳукмро "ноодилона" хонданд. Аз ҷумла, Ғулом Бобоев -- адвокати Ёқубов, Суфиев ва Ҳакимов гуфт, қаблан аз додгоҳ хоста буд, синну сол ва ҳамкории нафарони зерҳимояташ бо тафтишотро ба инобат гирифта, ҳукми нармтаре содир кунад. Вай ҳамчунин аз қозии мурофиа хоста буд, бандҳои такрории иттиҳомот, назири "хабар накардан дар бораи содиршавии ҷиноят"-ро аз парвандаи зерҳимояҳояш берун кунад.

Дар ҳамин ҳол, Умед Ниёзов, адвокати Зуҳуршо Мирзоев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз додгоҳ хоста буд, ки аз нафари зерҳимояташ ҷарима ситонда, ӯро аз толори мурофиаи додгоҳӣ раҳо кунад, ҳоло бо ҳукми додгоҳ дар маҷмӯъ розист. "Мо агар талоши бештар мекардем, шояд муваффақ мешудем, ки додгоҳ нисбат ба зерҳимояи ман ҳукми нармтаре дар намуди ҷарима мебаровард. Аммо пайвандони Мирзоев гуфтанд, ки қудрати пардохти ҷаримаро, ки тақрибан аз 15 то 20 ҳазор доллар мешуд, надоранд. Бо ин ҳол, додгоҳ Мирзоевро ба се соли маҳбаси умумӣ маҳкум кард ва ҳамзамон рутбаи низомиашро, ки капитан аст, нигоҳ дошт, яъне маҳрум накард",-илова намуд Ниёзов.

Бузургмеҳр Асоев, вакили мудофеи Ҷумъахони Нуралӣ, гуфт, нафари зерҳимояаш танҳо супориши командирашро иҷро карда, дар асл огоҳ набуд, ки ҷиноят содир мекунад. Адвокат Асоев зимни баҳси ҷонибҳо дар мурофиа "сафед" кардану аз толори мурофиа озод намудани Ҷумъахони Нуралиро тақозо карда буд.

Ёдрас мекунем, 4 афсар ва як сарбози қатории қисми ҳарбии 2610-и Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ -- Низомиддин Ёқубов, Анварҷон Ҳакимов, Алишер Сӯфиев, Зуҳуршо Мирзоев ва Ҷумъахони Нуралӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ба курсии айбдории додгоҳ нишаста буданд.

Додгоҳ бо ҳукми худ капитан Н. Ёқубов, майор А. Ҳакимов ва лейтенанти калон А. Сӯфиевро аз рутбаҳои низомиашон маҳрум кард. Капитан Низомуддин Ёқубов ҳанӯз 17-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт гардидааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур аз ҷониби муфаттишони Кумитаи амнияти миллии сурат гирифта, афроди муттаҳам дар СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG