Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурони FBI манзили маъшуқаи собиқи раҳбари пешини Идораи ҷосусии Амрико Девид Петреусро ҷустуҷӯ кардаанд.

Бино ба хабарҳо, маъмурони зиёди FBI шоми душанбе (12-уми ноябр) вориди манзили Пола Бродвелл дар шаҳри Шарлоттаи аёлати Каролинаи шимолӣ шудаанд. Сухангӯи FBI хабари вуруди маъмурони ин созмон ба ин манзилро тасдиқ карда, вале аз шарҳи инки оё ҳадаф аз ҷустуҷӯи манзили хонум Бродвелл чӣ буд, худдорӣ варзидааст.

Девид Петреус рӯзи ҷумъаи 9-уми ноябр аз мақоми раиси Идораи ҷосусии Амрико истеъфо дод. Ин тасмими ӯ дар пайи рӯ задани равобити маҳрамонааш бо Пола Бродвелл, дар натиҷаи таҳқиқоти аз тарафи муфаттишони FBI, эълон шуд. FBI ҳоло ин масъаларо таҳқиқ мекунад, ки оё муносиботи ошиқонаи Петреус бо муаллифи китоби тарҷумаиҳолии ӯ Пола Бродвелл чӣ хатарҳои амниятиеро низ метавонист ба ҳамроҳ дошта бошад.

Бино ба хабарҳо, дар робита ба ин моҷаро фармондеҳи аршади Амрико дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен низ бо гумони “муносиботи номутаносиб” бо як зан таҳти тафтиш қарор гирифтааст. Мақомоти Вазорати дифои Амрико гуфтаанд, муфаттишон ҳазорон саҳифа мукотиботи миёни Аллен ва Ҷилл Келлӣ дар байни солҳои 2010-2012-ро ошкор кардаанд. Гуфта мешавад, Ҷилл Келлӣ аз ҷониби Пола Бродвелл номаҳои таҳдидомез гирифтааст. Вазири дифои Амрико Леон Панетта дар як баёния гуфт, пешбарии Ҷон Аллен ба ситоди аврупоии нерӯҳои Амрико ва ба фармондеҳии олии нерӯҳои эътилоф дар ин қора “то замони мушаххас шудани масоили марбута” муаллақ хоҳад монд.

Ҷон Аллен дар моҳи июли соли 2011 дар мақоми фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико дар Афғонистон маҳз Девид Петреусро иваз карда буд. Петреуси 60-сола, ки соли гузашта баъди бозгашт аз Афғонистон ба мақоми раҳбари Идораи ҷосусии Амрико нишаст ва то пайи ошкор шудани равобити беникоҳаш бо Пола Бродвелл 37 сол собиқаи издивоҷ дошт, эълон кард, ки аз худ “рафтори хеле ношоиста” нишон додааст ва ба ин далел наметавонад дар курсии раҳбарии CIA бимонад.

Пола Бродвелл, ки маъшуқаи ӯ ном бурда мешавад, низ шавҳар ва ду фарзанд доштааст. Бродвелл, ки имсол китоби тарҷумаиҳолиеро дар бораи ин генерал ба нашр расонд, чанд дафъа бо ӯ ба Афғонистон сафар доштааст ва бино ба хабарҳо, талош кардааст, то имейли хусусии Петреусро шикаста, аз мукотиботи ӯ бо дигарон огоҳ шавад. Бархе расонаҳо менависанд, ки Пола Бродвелл Ҷилл Келлиро як рақиби худ дар роҳи ба даст овардани қалби ин генерали маъруф медонист ва аз рашк чанд мактуби таҳдидомез ба Келлӣ ҳам фиристодааст. Ҳамин номаҳо боис шуд, то Келлӣ ба FBI муроҷиат кунад ва дар ниҳоят ин ҳама моҷарои ишқу рашк рӯи об барояд.

Девид Петреус хатмкардаи академияи низомии Вест-Пойнт ва ҳам донишгоҳи Принстон буда, бо муваффақиятҳои низомиаш дар мақоми фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ дар амалиётҳои соли 2007 вирди забонҳо шуд. Ӯ соли 2008 фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ва соли 2010 фармондеҳи нирӯҳои ин кишвар дар Афғонистон шуд. Аммо шеваи “ироқӣ” дар Афғонистон чандон комёбӣ наовард ва бо вуҷуди иддаои худи Петреус дар бораи коҳиши муқовимат, ба назари бисёриҳо, ҷунбиши Толибон баръакс қуввати бештар гирифтааст. Дар мақоми раиси CIA Петреус зиёд дар мазҳари ом зоҳир намешуд, вале ҳамлаи ногаҳонии ҷангиён ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ ва ҳалокати сафири Амрико дар Либия дар ин ҳамлаи рӯзи 11 сентябри соли равон интиқодҳои тунде аз идораи зери назари Петреус ва худи ӯро дар пай дошт. Акнун ин карйераи дурахшони генерал Петреус дар пасманзари моҷарои ишқие ба поён мерасад, ки худи ӯ дар паёми истеъфояш онро равобите “ғайри қобили қабул” барои худ ҳамчун шавҳар ва ҳам ба ҳайси раҳбари идорае, чун CIA, унвон кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG