Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳовараи тоҷикӣ-русӣ дар Маскав муаррифӣ мешавад


Имрӯз, 13-уми ноябр, дар Хонаи халқиятҳо дар Маскав муаррифии муҳовараи тоҷикӣ-русӣ баргузор мешавад. Ин муҳовара моҳи октябр аз тарафи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва Маркази таълими байналмилалии «Этносфера» дар доираи лоиҳаи минтақавии муҳоҷират таҳия шуда, ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва ба беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо равона гардидаст.

Муаллифон мегӯянд муҳовараи мазкур барои тез мутобиқ шудани муҳоҷирони тоҷик ба муҳити кору зиндагӣ дар Русия мусоидат карда, раванди муошират, дарёфти ҳуҷҷатҳои заруриро осонтар месозад. Муҳтавои муҳовара аз нигоҳи мавзӯъ тақсимбандӣ шуда, бахшҳои шиносоӣ ва муошират, кор дар Русия, ҷои истиқомат, таҳсил, мағоза ва дигар хизматрасониҳоро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG