Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳлати тафтиши парвандаи Х.Сафаров боз тамдид шуд


Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

Замони тафтиши қазияи куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, то ду моҳи дигар тамдид шудааст. Ҷӯрабой Сӯфиев, вакили дифоъи Диловар Қосимов, нафари муттаҳам дар ин куштор ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ тафтиши парвандаро то 15--уми январи соли равон тамдид намуданд. Додситонии кулл аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – 105 (куштор) ва 195 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) Қосимовро муттаҳам мекунад. Собиқ мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон дар назди манзили худ ба қатл расида буд. То ба ҳол тафтишот ба далоили ин куштор рӯшанӣ наандохтааст. Ва ин навбати саввум аст, ки тафтиши парвандаи ӯ тамдид мешавад.
XS
SM
MD
LG