Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Австралия таҳкими ҳамкориҳоро баҳс мекунанд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Котиби давлатии ИМА Хонум Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни сафараш ба Австралия таҳкими равобити низомӣ миёни ду кишварро баҳс мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин музокирот вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта, вазири корҳои хориҷии Австралия Боб Кар ва вазири мудофиаи ин кишвар Стивен Смит иштирок хоҳанд кард. Соли гузашта президенти ИМА Барак Обама зимни зиёраташ аз Австралия эълон кард, ки 2500 маллоҳи ИМА дар маркази тамринҳои шаҳри Дарвини Австралия ба навбат тамрин хоҳанд кард. Ин эълон Чин-бузургтарин коршарики Австралияро нороҳат карда буд.
XS
SM
MD
LG