Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия Абу Қатодаро ба Урдун истирдод намекунад


 Абу Қатода
Абу Қатода
Рӯҳонии ифротгарои исломӣ, ки ба қавли додситонҳо аз амалкунандаҳои калидии ал-Қоида дар Аврупо мебошад, дар додгоҳи Британия муваффақ шуд, аз истирдодаш ба Урдун ҷилавгирӣ кунад. Абу Қатода, ки аслан урдунии фаластинӣ-табор аст, дар Урдун бо тарҳрезии бомбгузориҳо муттаҳам мешавад. Рӯзи душанбе додгоҳи муҳоҷирати Британия гуфт, Абу Қатода набояд ба Урдун истирдод шавад, зеро муҳокимаи ӯ дар он кишвар одилона нахоҳад буд. Тибқи ҳамин ҳукм Абу Қатода бояд имрӯз аз ҳабс раҳо шавад. Ҳукумати Британия тасмим гирифтааст, бар зидди ин ҳукм ба додгоҳ шикоят барад. Моҳи гузашта баъди ҳашт соли муҳокима Британия рӯҳонии ифротгарои исломӣ Абу Ҳамзаро ба ИМА таслим кард.
XS
SM
MD
LG