Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътилофи мухолифини Сурия эътироф шуд


Раҳбарони Эътилофи мухолифини Сурия

Раҳбарони Эътилофи мухолифини Сурия

Рӯзи душанбе Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ эълон кард, ки эътилофи тозаташкилшудаи мухолифини Сурияро ҳамчун намояндаи расмии мардуми Сурия эътироф мекунад. Дабири кулли ин Шӯро Латиф аз-Зайонӣ гуфт, кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ ба Эътилофи миллии Сурия дар татбиқи орзуҳои мардуми Сурия кумак хоҳанд кард. Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Умон, Қатар ва Кувайт шаш узви Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ мебошанд. Эътилофи милли Сурия рӯзи якшанбе дар пайи музокироти мухолифини режими президенти Сурия дар Қатар ташкил шуд. ИМА ва мамолики ғарбӣ ташкили ин эътилофро амри мусбат номидаанд.Русия аз ин ниҳод даъват кардааст, ки роҳи музокирот бо ҳукумати Сурияро пеш гирифта, дахолати хориҷиро рад намояд.
XS
SM
MD
LG