Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ мақоми қазоқ 12 солро дар зиндон мегузаронад


Маросими ёдбуди қурбониҳои тирпарронии моҳи декабри соли 2011-ум дар Жанаозен

Маросими ёдбуди қурбониҳои тирпарронии моҳи декабри соли 2011-ум дар Жанаозен

Додгоҳи Қазоқистон собиқ муовини волии вилояти ғарбии Мангистауро ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳи шаҳри ҷанубии Қизилорда Амонгелдӣ Айтқуловро бо сӯиистифода аз мансаб ва ришвахорӣ гунаҳгор донист. Айтқулов баъди бархӯрди коргарони соҳаи нафти шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау бо полис ҳабс шуда буд. Моҳи декабри гузашта полис 16 коргари эътирозгарро ба қатл расонид. Мақомоти Қазоқистон як идда мансабдорони маҳаллии Жанаозенро дар иртибот бо дуздии пули коргарони ширкатҳои нафт аз озодӣ маҳрум кардаанд. Моҳи сентябр собиқ раиси шаҳри Жанаозен Орақ Сарбопеев бо сӯиистифода аз вазифа гунаҳгор дониста шуда, ба муддати 10 сол зиндонӣ шуд. Раиси пештараи ин шаҳр Жалгас Бобохонов ҳам бо ҷурми дуздии пули коргарони ширкати нафт ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG