Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами аввали гурӯҳи нави мухолифини Сурия


Раҳбарони нави мухолифи давлати Сурия мехоҳанд, дар нишасти вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира, бихоҳанд, ки онро ба расмият бишиносанд. Гурӯҳу ҷиноҳҳои парокандаи мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия рӯзи якшанбе рӯзи якшанбе дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар дар нишасте мувофиқат карданд, ки дар як гурӯҳи васеъ муттаҳид шаванд. Гурӯҳи мазкур Эътилофи Миллии Нерӯҳои Мухолиф ва Инқилобии Сурия унвон гирифта ва онро Муъоз ал-Хатиб як рӯҳонии суннитабор раҳбарӣ мекунад. Ӯ имрӯз барои ширкат ба нишасти вазирони кишварҳои арабӣ ба Қоҳира рафтааст, то ҳимояти онҳоро ба даст биёрад. Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ аз таъсиси гурӯҳи воҳиди мухолифони Сурия ҳимоят карданд. Русия ин созмонро ба муколама бо давлат даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG