Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳуддин Раббонӣ ба Покистон сафар кард


Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, ба хотири гуфтӯгу дар бораи ҷараёни сулҳ дар кишвараш вориди Покистон мешавад. Дар сафорати Афғонистон дар Исломобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Салоҳуддин Раббонӣ тайи се рӯз бо мақомоти баландпояи Покистон дар бораи нақши ин кишвар дар барқарории мусолиҳа дар Афғонистон ҷангзада гуфтӯгу хоҳад кард. Сулҳ дар Афғонистон бахусус ба музокироти эҳтимолии ҳукумат ва раҳбарони Толибон вобаста аст, ки дар Покистон паноҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG